Хабар

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС: Радиои «Ховар» сифати либос, хусусияти матоъ ва сунъию табии будани онро бароятон шарҳ медиҳад

Инак таътили тобистонаи хонандагон  ба охир  мерасад ва  ба  оғози соли нави таҳсил рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд. Ҳамагон мекӯшанд дар ин рӯзҳо либосҳои босифату хуштарҳро барои фарзандонашон  дастрас намоянд. Интихоби ҳар шахс гуногун аст. Аммо ҳама хоҳони либоси хушсифат ва барои саломатӣ манфиатовар ҳастанд.

Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо ҷои панҷумро ишғол намуданд

Паҳлавонони  маъруфи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Токиои Япония ҷараён дорад, ҷои панҷумро ишғол намуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мудири кулли Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ мулоқот намуд

27 август дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Раис ва Мудири кулли Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Страницы