Тоҷикистон ва Ӯзбекистон малакаҳои ҳамгироии қӯшунҳоро такмил медиҳанд

Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нимаи дуюми сентябр дар машқгоҳи «Гурусарой»-и вилояти Намангони Ӯзбекистон тамринҳои муштараки низомӣ баргузор мекунанд.

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён ба АМИТ «Ховар» хабар дод, машқҳо дар доираи тамринҳои миқёсан васеи стратегии фармондеҳӣ-ситодии «Марказ-2019» баргузор мешаванд. Дар назар аст, ки низомиёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вазифаҳои таъмини амниятро дар минтақа иҷро намоянд.

Дар ҷараёни машқҳои муштарак малакаҳои ҳамгироии қӯшунҳо дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, инчунин малакаҳои пешбурди амалиёти иктишофӣ-ҷустуҷӯӣ ва дифоӣ такмил дода мешаванд.

Ба иттилои Вазорати мудофиаи мамлакат, моҳи август қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар минтақаҳои кӯҳӣ машқҳои муштараки зиддитеррористӣ баргузор карданд. Машқҳо дар Тоҷикистон ва дар водии Фарғонаи Ӯзбекистон баргузор шуданд.

Ба гуфтаи Ориф Нозимиён, бори аввал дар солҳои соҳибистиқлолӣ машқҳои муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон соли гузашта дар шаҳраки Чорухдараи вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор шуда буданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: