Дилшод Назаров: «Бо тамоми масъулият эълон мекунам, ки ҳамаи ҷоизаҳоро дар натиҷаи муборизаҳои ҳақиқӣ ба даст овардаам»
Опубликовано чт, 26/09/2019 - 17:41 пользователем admin
Гурзандози маъруфи тоҷик ва чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар соли 2016 Дилшод Назаров гуфт, ки аз хабари ба истифодаи допинг гумонбар шудану маҳрум гардидан аз ҳаққи ширкат дар чемпионати ҷаҳон сахт ҳайратзада гардидааст, навиштааст имрӯз шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН.



