Агентии мубориза бо коррупсия: «Шахсе, ки бо истифода аз мақоми хизматӣ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонид, боздошт шуд»

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванд хабар медиҳад, ки бо истифода аз мақоми хизматӣ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.  

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Р.М.Б. ҳангоми дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъба оид ба пардохти кумакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият кардан бо истифодаи ваколатҳои мансабдорӣ, бархилофи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйин ва пардохти нафақа амал намудааст.

«Номбурда давоми солҳои 2017 — 2019  бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи 5 нафар шаҳрвандон ба маблағи умумии бештар аз 333 ҳазору 500 сомонӣ талабот нишон додааст. Ӯ ин миқдор маблағро ба воситаи рақамҳои асноди нафақавӣ ба суратҳисоби бонкии нафақахӯрон гузаронида, тавассути кортҳои пластикии БДА ҶТ «Амонатбонк» тариқи нақдӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст», — гуфта мешвад дар иттилоияи Агентӣ.

Бояд гуфт, ки шаҳрванд  бо ин кирдори бадқасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Бинобар ин, — афзуд манбаъ, нисбат ба ӯ бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» ва 340 қисми 2 банди «а»- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

АМИТ«Ховар»

Tags: