Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мусиқӣ барномаи фарҳангӣ доир менамояд

1 октябр,  соати 14.00,  бахшида ба Рӯзи байналмилалии мусиқӣ дар толори мусиқии камеравии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бо иштироки композиторону мусиқишиносон барномаи консертии академии истеъдодҳои ҷавон  баргузор мешавад.  Барномаи консертӣ бо ташаббуси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон  доир мегардад.

Ҳадаф аз баргузории барнома мусоидат намудан дар тарғиби мусиқии касбӣ ва фароҳам овардани шароит баҳри татбиқи имкониятҳои эҷодии наврасону ҷавонон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии мусиқӣ бо ташаббуси Шӯрои байналмилалии мусиқии назди созмони ЮНЕСКО соли 1973 дар Ассамблеяи Генералии 15-ум дар шаҳри Лозанна таъсис дода шуд.

Аз 1  октябри соли 1975 инҷониб он ҳамасола чун Рӯзи байналмилалии мусиқӣ ҷашн гирифта мешавад. Яке аз ташабускорони таъсиси ин ҷашн композитори маъруф Дмитрий Шостакович мебошад.

Санъати мусиқӣ ё услубу воситаҳои хоси композитсионии он осори ягон давр, халқ ё худ бастакорони барҷастаро тадқиқ мекунад. Барои омӯзиши унсурҳои ҷудогонаи мусиқӣ предметҳои назариявии мусиқӣ, аз ҷумлаи оҳанг, ритм, гармония, полифония, таҳлили шаклҳои мусиқӣ, оркестрон ва ғайра машғуланд.

Дар мамлакатҳои Шарқ ва Осиёи Миёна илми мусиқӣ ва шохаҳои он, илми таълиф, илми икоъ, илми адвор ва ғайра аз қадимулайём дар байни олимон, мусиқишиносон, созандагону навозандагон мақоми намоён доштаанд.

Дар пешрафти илми мусиқии Шарқ як зумра олимони тоҷик, ба мисли Форобӣ, Ибни Сино, Абдулмуъмини Урмавӣ, Абдулқодири Гӯянда, Абдураҳмони Ҷомӣ, Зайнулобидини Ҳусайнӣ, Наҷмуддин Кавкабии Бухороӣ, Дарвешалии Ҷангӣ ҳиссаи калон гузоштаанд.

Дар Тоҷикистон  мусиқӣ ва илми мусиқишиносӣ солҳои охир хеле рушду нумӯъ кардаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: