Хабар

Дар Душанбе оид ба аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини фард, оила ва ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини фард, оила ва ҷомеа» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди меҳмонхона дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд

10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба сохтмони бинои меҳмонхонаи баландошёна оғоз бахшиданд.

Бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии меҳмонхонаи 4-ситорадор аз 22 ошёна иборат буда, аз тарафи соҳибкори ватандӯст Бахтиёр Саидов бунёд мегардад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд

10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба корҳои сохтмонии меҳмонхонаи замонавии чорситорадор оғоз бахшиданд.

Нахуст Сарвари давлат дар маҳалли сохтмон бо лоиҳаи меҳмонхонаи замонавӣ шинос шуданд.

Страницы