Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2020-2022 тасдиқ гардид
Опубликовано пт, 11/10/2019 - 12:10 пользователем admin
Муҳимтарин масъалаҳои марбут ба рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ҳисор дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати панҷум бо иштироки вакилон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсат, шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар сохторҳо матраҳ гардид.



Баҳри дар амал тадбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» масъулини мактаб–интернатҳои ҷумҳуриявии низомашон махсус, кӯдакони нобино ва сустбин ва Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор н