Дар доираи бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2022 миёни дастаҳои миллии Тоҷикистон ва Япония нишасти матбуотии пеш аз бозӣ баргузор мешавад

Имрӯз дар арафаи бозии даври чаҳоруми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи F байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Япония нишасти матбуотии пеш аз бозӣ баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад.

«Нишаст дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» баргузор шуда, соати 11:30 оғоз мешавад», — гуфта мешавад дар хабарномаи ФФТ.

Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиҳои дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Япония Усмон Тошев ва Хадзимэ Мориясу посух хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, ки ки бозии даври чоруми мусобиқоти интихобии Чемпионати Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи F байни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Япония 15 октябр, соати 17:15, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе баргузор мешавад.

Нархи чиптаҳои даромадгоҳ ба ҳамаи гӯшаҳои варзишгоҳ (ғарбӣ, шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: