Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди меҳмонхона дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Опубликовано чт, 10/10/2019 - 14:43 пользователем admin10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба сохтмони бинои меҳмонхонаи баландошёна оғоз бахшиданд.
Бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии меҳмонхонаи 4-ситорадор аз 22 ошёна иборат буда, аз тарафи соҳибкори ватандӯст Бахтиёр Саидов бунёд мегардад.

