ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба Бразилия сафар намуд
Опубликовано чт, 17/10/2019 - 10:13 пользователем admin
Субҳи имрӯз ҳайати дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон тариқи хатсайри Душанбе – Истанбул ба шаҳри Сан-Паулуи Бразилия парвоз намуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.


Дар арафаи сафари дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба Чемпионати ҷаҳон-2019 мулоқоти Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ситоди мураббиён ва ҳайати мунтахаби мамлакат дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти палатаи поёнии Пралумони Тоҷикистон хабар медиҳад.