«Tajstat» вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро барои моҳҳои январ-августи соли 2019 нашр намуд
Опубликовано чт, 17/10/2019 - 10:15 пользователем admin
Нашрияи ҳармоҳаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Tajstat» дар шумораи навбатии худ маҷмӯи иттилооти таъҷилиро оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодӣ, ки моҳҳои январ-августро дар бар мегирад, мунташир намуд.


19-20 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон байни наврасони солҳои таваллуди 2002–2004 Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад. Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ соли 2019 дар ноҳия ду корхонаи оҳангарӣ бунёд мегардад. Санъати аз ҳама маъмул ва ривоҷёфта дар ин мавзеъ оҳангарист, ки аз замонҳои қадим чун мероси гаронмояи авлодӣ идома меёбад.