Филми мустанади коргардони тоҷик Файзулло Файзов «Устод Кимёгаров» соҳиби Шоҳҷоизаи швейтсарии Кинофестивали байналмилалии «Дидор» шуд

Бо қарори доварони байналмилалӣ филми мустанади «Устод Кимёгаров»-и коргардони тоҷик  Файзулло Файзов соҳиби Шоҳҷоизаи швейтсарии Кинофестивали байналмилалии «Дидор» гардид. Ҳамзамон Шоҳҷоизаи швейтсарии ин Кинофестивали байналмилалӣ барои беҳтарин филми баланди мустанад ба филми «Ҳазор духтаре, мисли ман»-и коргардон Саҳро Мусавӣ-Монӣ аз Афғонистон ва барои беҳтарин филми кӯтоҳи ҳуҷҷатӣ ба филми «Охири Замин»-и коргардон Дмитрий Степанов аз Россия дода шуданд.

Маросими супоридани Шоҳҷоиза ва анҷоми расмии Кинофестивали байналмилалии «Дидор» шоми дирӯз дар Хонаи кино-кинотеатри «Зебунисо»-и шаҳри Душанбе  баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар  ҷамъбасти фестивал ва маросими ҷоизасупорӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва раиси Кумитаи тадорукоти Кинофестивали байналмилалии «Дидор» Носир Раҳмон, директори Кинофестивали  байналмилалии «Дидор» Сафар Ҳақдодов, танзимгар, суратгири маъруф Заур Дахте, киношинос Саъдулло Раҳимов, ҳунармандон, шоирону нависандагон, аҳли зиё, меҳмонони хориҷӣ аз мамлакатҳои дуру наздик  иштирок намуданд.

 

Ҳайати доварони байналмилалӣ- наворбардор ва коргардони барҷастаи филмҳои мустанад Георгий Дзалаев (Тоҷикистон), доктори илмҳои санъатшиносӣ, мунаққиди кино Абикеева Гулнора Ойратовна (Қазоқистон), директори иҷроияи IRIB MEDIA Алиризо Шоҳрухӣ (Эрон) ҷоизаҳои аслии Фестивалро ба филмҳои арзанда тақдим намуданд.

Ҳамзамон ду ҷоизаи махсуси доварони байналмилалӣ ба филмҳои кӯтоҳи «13 километр»-и коргардон Владимир Тюлкин аз Қазоқистон ва “Умед”-и коргардон Дилошӯб Орифзода аз Тоҷикистон эҳдо гардид.

Ду «Ҷоизаи Мамадқул Арабов барои инъикоси беҳтарин мероси миллӣ» ба филмҳои «Аҳли Об»- и коргардон Озода Бизаргитӣ аз Эрон ва “Умар-ако”-и коргардон Далери Имомалӣ аз Тоҷикистон насиб гардид.

Ҷоизаи швейтсарӣ ба дебюти беҳтарини коргардонӣ ба филми “Ҷойи беҳтарин дар замин”-и коргардон Рома Буряк аз Тоҷикистон тақдим гардид.

Ҷоиза, дипломи киношиносон ва мунаққидони кинои Тоҷикистон ба  кинофестивали «АРТДОКФЕСТ» (Россия) «Барои таваҷҷуҳи самимӣ ба тақдири инсон» супорида шуд.

Ҷоизаи дуюм, дипломи киношиносон ва мунаққидони кинои Тоҷикистон ба филми пурраметражи ҳуҷҷатӣ аз бахши озмуни филмҳои тоҷикӣ ба филми «Роҳҳои тоҷирон ва ҳунармандон»-муаллиф О.В. Ладигина «Барои ташаббуси омӯзиш ва тарғиби ҷойҳои муқаддаси Тоҷикистон» эҳдо гардид.

Дар Кинофестивали байналмилалии «Дидор», ки аз 16 то 20 октябр дар пойтахти мамлакат баргузор гардид, 57 филм намоиш дода шуд. Давоми 5 рӯз дар толорҳои хурд ва бузурги кинотеатри «Зебуниссо» аз соати 10-и субҳ то соати 20-и шаб намоиши ройгони филмҳои мустанади мазмунан пурмуҳтаво ва ҳаҷман гуногун ба роҳ монда шуд.

Тавре киношинос, доктори илми фалсафа Саъдулло Раҳимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин муддат зиёда аз 3 ҳазор тамошобинон аз филмҳои мустанади кинофестивали «Дидор» баҳра бурданд.

“Ҳар як филме, ки дар толорҳо ба намоиш гузошта шуд, бинандаи худро дошт ва аз ҷониби тамошобинон хуб қабул карда шуд. Дар маҷмӯъ бинандаи кинои мустанад давоми чанд рӯз ба ҳисоби миёна 3 ҳазор нафарро ташкил дод, вале ин ҳанӯз ҳам кам аст ”.

Мавсуф ҳамзамон иброз дошт, ки  коргардонҳову муаллифони филмҳои мустанад болои филмҳояшон бо маҳорати баланди касбӣ кор карда, бархе аз онҳо соҳиби шоҳҷоиза ҳам гардиданд, ки ин мояи  хушбахтист.

АМИТ «Ховар»

Tags: