Хабар

НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ. Имрӯз дастранҷи деҳқонони ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Темурмалик пешкаши сокинони Душанбе мегардад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон доир мегардад. Намоиши ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб  дар Боғи Ирам ва ноҳияи Темурмалик дар Боғи Кӯдакон баргузор мешавад.

Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар шудааст.

Пешвои миллат: Татбиқи Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025 ташвишовар боқӣ мемонад

Вазъи иҷрои татбиқи қисматҳои асосии Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахл дорад, то ҳанӯз ташвишовар боқӣ мемонад. Чунин изҳор доштанд имрӯз Сарвари давлат зимни суханронии хеш ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш иштирок ва бо аҳли маориф мулоқот намуданд

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок ва суханронӣ намуда, бо аҳли маорифи мамлакат мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Страницы