Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд
Опубликовано пт, 01/09/2023 - 14:38 пользователем tvt1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд.
Бинои бошукуҳ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ мебошад.