Хабар

Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ оғоз шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  дар мавзуи «Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» вохӯрии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ташриф овард

Имрӯз, 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

БА ШАРАФИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ЯК ВАҚТ АЗ ТӮПҲО 30 ШИЛЛИК ПАРОНИДА ШУД. Нахустин бор дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе паради ҳарбӣ гузашт

Субҳи имрӯз ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат гузашти низомии қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид. Қабл аз паради ҳарбӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол суханронӣ намуданд.

Страницы