«Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон»-таҳти ин унвон дар пойтахт Форуми байналмилалӣ сурат мепазирад
Опубликовано ср, 13/11/2019 - 11:04 пользователем admin
19-20 ноябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бахшида ба 30-солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак таҳти унвони «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон» Форуми байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.


12 ноябр дар Душанбе Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита нусхаи эътимодномаи худро ба муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, ки дар мавзеи Ла-Виллет баргузор гардид, иштирок карданд.