Дар Душанбе таҳти унвони «Соҳаи филмсозӣ дар Осиёи Марказӣ» ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мегардад

29 ноябр дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе дар доираи Фестивали филмҳои тоҷикӣ ва Ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» бо ибтикори ташкилкунандагон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид, Институти Гёте дар Қазоқистон ва меҳмонхонаи «Серена» дар мавзӯи «Соҳаи филмсозӣ дар Осиёи Марказӣ» ҳамоиши байналмилалӣ  баргузор мешавад.

Дар кори он зиёда аз 35 нафар коршинос, коргардонҳо ва продюссерон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон  ва Франсия иштирок менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 15 ноябр дар Маркази фарҳангии «Бохтар» нишасти матбуотии Кинофестивали филмҳои тоҷикӣ ва Ҷоизаи  миллии «Лолаи тиллоӣ» баргузор гардид. Дар он Сафири Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар, муовини якуми роҳбари Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм» Толиб Раҳматуллоев, директори Маркази фарҳангии «Бохтар» Сергей Чутков, масъули фестивал Искандар Усмонов  ва ҳамоҳангсози фестивал Амонулло Каромов ширкат намуданд.

Масъули кинофестивали филмҳои тоҷикӣ Искандар Усмонов иброз дошт, ки  барои иштирок дар фестивали мазкур лоиҳаи зиёди филмҳо ворид гардидаанд. Ҳоло 10 лоиҳаи кино омодаи  пешниҳод ба Ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ»  дар  соҳаи кинематография мебошанд.

Сафири Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар зикр кард, ки аз рӯзи аввали сафириаш дар Тоҷикистон мехост бо «Тоҷикфилм» ҳамкорӣ намояд, зеро муассисаи мазкур муаррифи таърихи тӯлонии кинои тоҷик мебошад.

«Ман киноро хеле дӯст медорам. Вақте дар Тоҷикистон сафир шудам, қарор додам, ки бо «Тоҷикфилм» ҳамкорӣ кунам. «Лолаи тиллоӣ» аз аввал лоиҳаи хурд буд ва баъд аз он ки мо бо намояндагони маркази «Бохтар» ва «Тоҷикфилм» суҳбат кардем, ба мувофиқа расидем, ки лоиҳаи мазкурро бояд байналмилалӣ намуда, барои коргардонҳои ҷавони тоҷик ҷоизаи миллӣ  ташкил кунем. Ин ба хотире буд, ки кинематографияи Тоҷикистон на танҳо дар мамлакат, балки берун аз он низ муаррифӣ карда шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳоло Созмони Милали Муттаҳид  аз ин иқдом огоҳӣ дорад ва боварӣ дорам, ки дар ҳамкорӣ мо ба орзуямон мерасем»,- гуфт Ясмин Гуедар.

Тавре пештар иттилоъ дода будем, Маркази фарҳангии «Бохтар» бо дастгирии Сафорати Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шарикӣ бо «Тоҷикфилм» баргузории Ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ»-ро дар соҳаи кинематография эълон намуда буд. Ҳайати ҳакамон ғолибонро дар чаҳор баст — беҳтарин филми пурраметраж, беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ, беҳтарин филми кӯтоҳметраж ва Ҷоизаи махсус барои саҳми босазо дар рушди кинои тоҷик, ки он аз ҷониби  ташкилкунандагон ва шарикони ҷоиза пешниҳод мешавад, муайян менамояд.

Бояд зикр намуд, ки ҳадафи ҷоизаи мазкур дастгирии кинои ватанӣ, ҳифзи асолати фарҳангӣ, мустаҳкам намудани пояҳои тавлиду паҳнкунии филмҳои миллӣ, тарғиби беҳтарин асарҳои кино, таблиғи онҳо дар байни  омма ва дигар давлатҳо мебошад.

Ҳайати доварон аз продюссерҳо, коршиносони кино, филмноманависон ва  коргардонҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Франсия иборат мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: