Бонкҳои Тоҷикистон ба соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ беш аз 35 миллион сомонӣ қарз додаанд
Опубликовано ср, 23/10/2019 - 13:43 пользователем admin
Бонкҳои Тоҷикистон ба соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар зарфи нуҳ моҳи соли равон беш аз 35 миллион сомонӣ қарз додаанд. Дар ин хусус Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки аз ин омор 8,1 миллион сомонӣ ба соҳаи сайёҳӣ ва 27,2 миллион сомонӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ рост меояд.