Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад
Опубликовано пт, 15/09/2023 - 10:57 пользователем tvtПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баён гардид.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки солҳои охир афзоиши сареи таваҷҷуҳи расонаҳои хабариро ба Осиёи Марказӣ мушоҳида менамоем.