Хабар

ИФТИХОРИ ТОҶИКИСТОН! Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 ба медали тилло шарафёб гардид!

Имрӯз паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои Осиёии Ҳанжоу-2022 медали тилло ба даст овард.

Мавриди тазаккур аст, ки Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Сомон бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз ғалаба намуда, ба даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёи Ханжоу баромад.

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад

Аз 24 то 29 октябр дар шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мегардад. Дар ин фестивали байналмилалӣ театрҳои касбии лӯхтаки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз қабили Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт ва тараққиёти байналмилалӣ

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун дигар суханрониҳо аз минбари баланди СММ саршор аз ҳарфи саодати инсоният, рушди ҳамкорию ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, сулҳ ва амнияту оромӣ, инчунин дастҷамъию муштаракот дар ҳалли мубрамтарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Страницы