Хабар

ҶУДО. Темур Раҳимов барои медали тиллои Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 рақобат менамояд

Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз намуди гӯштини ҷудо дар вазни +100 кг ба муқобили Ким Минйонг аз Кореяи Ҷанубӣ бо имтиёзи вазарӣ пирӯз шуда, ба финал баромад.

Дар финал нимаи дуюми имрӯз Темур Раҳимов бо Магомедумар Магомедумаров аз Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат менамояд.

Бояд гуфт, ки дар даври чоряниҳоӣ варзишгари тоҷик паҳлавони Чин Ли Руйхуанро шикаст дода буд.

Вакили Маҷлиси намояндагон дар Ню-Йорк дар иҷлосияи сатҳи баланди СММ оид ба бемории сил иштирок намуд

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси ҷамъияти байналмилалии парлумони давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Ҷамшед Муртазозода 20-25 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки Амрико бо даъвати шабакаи ҷаҳонии «Глобал ТВ Кокус» дар кори иҷлосияи сатҳи баланди СММ оид ба бемории сил иштирок ва суханронӣ намуд.  

«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе даври шаҳрии озмун оғоз ёфт

Даври шаҳрии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар пойтахт оғоз гардид. Дар маросими оғози даври шаҳрии озмуни мазкур роҳбарияти шаҳри Душанбе, намояндагон аз вазорату идораҳо, ҳайати ҳакамони озмун ва иштирокчиён иштирок намуданд. 

Страницы