COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Эрон аз рӯи шумораи сироятёфтагон аз Чин пеш гузашт

Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 481 ҳазору 541 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 647 ҳазору 744 кас ва фавтидагон 170 ҳазору 439 тан мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 792 ҳазору 913 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 42 ҳазору 517 нафар ва шумораи шифоёфтагон 72 ҳазору 389 касро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 200 ҳазору 210 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 1 536 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 20 ҳазору 852 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 80 ҳазору 587 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 181 ҳазору 228 нафар ва теъдоди фавтидагон 24 ҳазору 114 нафар мебошад. Дар Франсия 155 ҳазору 383 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 20 265 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Дар Германия теъдоди мубталоён 147 ҳазору 65 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 4 862 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 124 ҳазору 743 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 16 ҳазору 509 нафар мебошад.

Туркия ва Эрон низ аз рӯи шумораи гирифторон аз Чин пеш гузаштанд. Дар Туркия теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба 90 ҳазору 980 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 140 ва 13 430 нафар мебошад.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 83 ҳазору 505 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 209 нафар вафот кардаанд.

Дар Чин 82 ҳазору 758 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 632 нафар вафот намудаанд.

Баъд аз Чин Россия қарор дорад, ки дар он шумораи умумии мубталоён ба 47 ҳазору 121 нафар расид. Дар он теъдоди фавтидагон 405 нафар ва шифоёфтагон 3 446 касро ташкил медиҳад.

Шумораи ҳолатҳои тасдиқшуда дар Бразилия 40 ҳазору 743, Белгия — 39 ҳазору 983, Канада — 36 ҳазору 829 ва Нидерланд — 33 ҳазору 405 мебошад.

Теъдоди мубталоён дар Арабистони Саудӣ 10 484 нафар буда, дар он 103 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 7 265 ҳолати сиротяёбӣ ошкор гардида, миёни онҳо 43 нафар фавтидаанд. Дар Қатар 6 015 нафар мубталои коронавирус шуда, дар он шумораи фавт нисбат ба АМА камтар аст — 9 ҳолат.

Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 250 нафар. Аммо шумораи сироятёфтагон кам буда, 3 333 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди мубталоён дар Ироқ 1 574 нафар ва шумораи фавтидагон 82 нафар мебошад. Дар Кувайт 9 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда, 1 995 нафар сироят ёфтаанд. Дар Сурия 39 ҳолати сироятёбӣ ва 3 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: