Хабар

Кумитаи рушди сайёҳӣ: Дар нуҳ моҳ аз Қалъаи Ҳисор зиёда аз 27 ҳазор нафар сайёҳон боздид намудаанд

Дар нуҳ моҳи соли равон аз Қалъаи Ҳисор 27 ҳазору 400 нафар сайёҳон боздид намудаанд, ки аз ин шумора 6 ҳазору 480 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар ин бора зимни семинари «Рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ», ки дар шаҳри Ҳисор доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил мегардад

Дар  Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва баргузории силсилачорабиниҳо таҷлил мегардад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Варзишгарони беҳтарини соли 2019 муайян карда мешаванд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи номинатсияҳои «Варзишгари беҳтарини соли 2019», «Беҳтарин дастаи варзишӣ», «Мураббии беҳтарин», «Мактаби варзишии беҳтарин»,  «Беҳтарин Федератсияи миллии варзишӣ» (аз рӯи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ), «Довари варзишии беҳтарин», «Беҳтарин иншооти варзишӣ», «Шаҳри (ноҳияи) беҳтар

Страницы