Суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ

22 апрел суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири Идораи минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Клюге баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суҳбат ҷонибҳо масъалаи пешгирии паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19, пайомадҳои он ба мамлакат ва дар ин замина мусоидати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон табодули назар роҷеъ ба видео-конфронси қарибулвуқӯи минтақавӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои муштарак алайҳи ин беморӣ сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»

Tags: