Хабар

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобӣ оид ба футзал баргузор мешавад

7 октябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал дар гурӯҳи «Е» оғоз мешавад. Дар он дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон барои роҳхати қисми ниҳоии чемпионати Осиё бо ҳам мубориза мебаранд.  

БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Намояндагони расонаҳои хабарӣ бо корхонаи маъдантозакунии «ТАЛКО Голд» дар мавзеи Кончоч шинос гардиданд

«Ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати мамлакат дар ҳашт моҳи соли равон Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи /ҶСП/ «ТАЛКО Голд» ба маблағи беш аз 242,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва зиёда аз 52,7 миллион сомонӣ ба буҷети давлат андоз пардохт намуд»- чунин иттилоъ дода шуд ба намояндагони воситаҳои ахбори омма зимни сафари ҳайати рӯзноманигорон ба корхонаи маъдантозакунии «ТАЛКО Голд», воқеъ дар шимоли Тоҷикистон -мавзеи Кончоч

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. «Истиқлол» ба муқобили ҳамдастаҳои Криштиану Роналду бозии арзанда намуд

 Шаби 2 октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Страницы