ҶАШНИ МЕҲРГОН. Дар Душанбе 15 октябр Иди Меҳргон бо шукуҳи хосса таҷлил мегардад
Опубликовано чт, 12/10/2023 - 08:09 пользователем tvt15 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивал-намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.