Конибодом: Ба гирандаи Шоҳҷоизаи Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1000 сомонӣ тақдим гардид

Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Шоҳҷоизаи озмунро  бо маблағи 1000 сомонӣ  хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 Мубина Маҳкамова ба даст овард. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар маросими ҷамъбасти озмун муовини раиси шаҳр Илҳом Ҳомидӣ ба ғолибони ҷойи аввал дар ҳаҷми 700 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 500 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 300 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим намуд.

Шумораи зиёди иштирокчиён ва омодагии ҳамаҷонибаи онҳо ба озмун далели маҳбубияти хосса пайдо кардани озмуни мазкур буд. Озмун ду рӯз идома ёфта, беҳтарин иштирокчиён аз даври шаҳрӣ ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Тибқи Низомномаи озмун даври дуюм дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) ҷамъбаст гардида, ғолибони ин давр ба  даври сеюм, ки нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, роҳхат мегиранд.

Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) ва дигар ташкилот ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: