Тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳҳои вилояти Суғд соҳиби туҳфаҳои солинавӣ шуданд

Дар арафаи Соли нави мелодӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии сарпарастони соҳа дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди вилоят барномаҳои идона доир гардида, беш аз 1900 нафар бошандагони ин муассисаҳо ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Тавре аз шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, 28 декабр раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз се мактаб-парваришгоҳи вилоят дидан намуд. Аз ҷумла, дар ин рӯз 227 нафар бошандагони Мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, 275 нафар бошандагони Мактаб-интернати кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 120 нафар бошандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон аёдат карда шуданд.

Раиси вилоят зимни аёдат дар барномаи солинавии бошандагони ин се муассисаи иҷтимоӣ иштирок намуда, онҳоро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик намуд ва ба муҳассилин туҳфаҳои солинавию либоси зимистона туҳфа намуд.

АМИТ "Ховар"