Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо кормандони милитсия дар вилояти Суғд

Дирӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо ҳайати шахсии Раёсаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти мазкур вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Дар вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ кормандони милитсияро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард. Сардори РВКД дар вилояти Суғд Шариф Назарзода оид ба фаъолияти хизматӣ дар муддати ду моҳи соли равон ва натиҷаҳои корӣ дар самти ошкор намудани ҷиноятҳо сухан гуфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Рамазон Раҳимзода оид ба кушодашавии ҷиноятҳо, пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасону ҷавонон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Зимни мулоқот кормандони милитсияи вилояти Суғд изҳор доштанд, ки тамоми қувваю ғайрат ва донишу малакаи касбиро баҳри он равона месозанд, ки волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва амнияти ҷомеа таъмин карда шаванд.

АМИТ «Ховар»