Раёсати Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд қочоқи 3 миллион рубли русиро ошкор ва пешгирӣ намуд

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар хатсайри № 2956  самти «Хуҷанд-Екатеринбург» дар минтақаи назорати гумрукии Фурудгоҳи байналмилалии «Хуҷанд» мусофир Пӯлотов Фирдавс Давронҷоновичро аз муоинаи шахсӣ гузаронида, дар натиҷа дар бадани ӯ  миёнбанди худсозро  ошкор намуданд, ки дар он асъори хориҷӣ ба маблағи умумии  3 миллион рубли Россия дарёфт шуд.

Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, номбурда ин миқдор маблағро мехост тариқи пинҳонӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия интиқол диҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Фирдавс Пӯлотов бо моддаҳои 32 қ 3 – 289 қисми 2-и  Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи  ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

АМИТ «Ховар»