Тағйири мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА

Федератсияи умумиҷаҳонии футболи ҷаҳонӣ  (FIFA) имрӯз 10-уми август   раддабандии нави мунтахабҳоро нашр кард. Дастаи миллии Тоҷикистон дар ин феҳрист ду зина поён шуда, бо касби 180 имтиёз дар зинаи 151-ум мавқеъ пайдо кардааст. Дар раддабандии нав ҳамчунин мавқеъи  дастаи  пешсаф низ дигар шудааст. Мунтахаби Бразилия Олмонро дигарбора бо 1604 имтиёз аз садри ин феҳрист фаровард. Дар зинаи дуюм ва сеюми даҳгона мунтахабҳои Олмон ва Аргентина ҷой гирифтаанд.

Раддабандии ФИФА:

1. (2) Бразилия— 1604 очка

2. (1) Олмон — 1549

3. (3) Аргентина — 1399

4. (5) Швейтсария — 1329

5. (6) Полша — 1319

6. (4) Португалия – 1267

7. (7) Чили – 1250

8. (8) Колумбия – 1208

9. (10) Белгия– 1194

10. (9) Фаронса— 1157…

151. Тоҷикистон - 180

ТВ Варзиш