Ҳамгурӯҳони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

Ҳамгурӯҳони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол, ки дар Бозиҳои интихобии чемпионати Осиё -2018 ширкат меварзанд, муайян шуданд. Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаҳои мунтахаби Урдун, Фаластин ва Бангладеш бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «Е» дохил шуданд. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад.
Қуръакашии бозиҳо, ки имрӯз дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) шаҳри Куала- Лумпури Малайзия баргузор гардид, 40 дастаро ба 10 гурӯҳи баробар ҷудо кард. Дастаҳо дар ду минтақа Шарқ ва Ғарб бо ҳам мусобиқа меороянд. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 19 то 23-юми июл дар Фаластин мегузаранд.
Ба бозиҳои финалӣ, ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин доир мегарданд, ғолибони гурӯҳҳо ва 5 дастаи аз рӯи нишондод беҳтарин роҳхат мегиранд.
Бояд қайд кард, ки дастаи мунтахаби Чин дар бозиҳои интихобӣ берун аз озмун иштирок менамояд ва агар дар гурӯҳи худ мақоми аввал ва ё дуюмро аз рӯи нишондоди беҳтарин ишғол кунад, пас дастаи шашуми мақоми дуюм ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ дода мешавад.
Натиҷаи қуръакашии Чемпионати Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-сола чунин аст:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Эрон, Уммон, Қирғизистон (мизбон), Шри-Ланка.
Гурӯҳи «В»: Ироқ, Арабистони Саудӣ (мизбон), Баҳрайн, Афғонистон.
Гурӯҳи «С»: Қатар (мизбон), Сурия, Ҳиндустон, Туркманистон.
Гурӯҳи «D»: Амороти Мутаҳидаи Араб (мизбон), Ӯзбекистон, Лубнон, Непал.
Гурӯҳи «Е»: Урдун, ТОҶИКИСТОН, Фаластин (мизбон), Бангладеш.
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «F»: Австралия, Мянма (мизбон), Сингапур, Бруней.
Гурӯҳи «G»: Кореяи Х,Д. (мизбон), Лаос, Тайбэйи Чин, Гонконг.
Гурӯҳи «Н»: Таиланд (мизбон), Индонезия, Малайзия, Муғулистон.
Гурӯҳи «I»: Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам (мизбон), Тимори шарқӣ, Макао.
Гурӯҳи «J»: Япония, Чин (мизбон), Камбоҷа, Филиппин.

АМИТ "Ховар"