Наврасони Тоҷикистон ба Санкт-Петербург ба мусобиқаи «Футбол барои дӯстӣ» мераванд
Опубликовано чт, 30/03/2017 - 12:50 пользователем tvt
Мавсими панҷуми лоиҳаи иҷтимоӣ барои кӯдакон- «Футбол барои дӯстӣ», ки марҳалаи ҷамъбастиаш дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия аз 26 июн то 3 июли соли равон мегузарад, оғоз ёфт. Дар ҷараёни қуръакашии кушод, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ҳамбурги Олмон доир гардид, ҳайати дастаҳои мунтахаби кишварҳо ва мавзеи бозиашон муайян карда шуданд.


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозии интихобии Ҷоми Осиё-2019 шоми дирӯз дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамади Қатар аз дастаи мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Ин аввалин бохти дастаи мунтахаб таҳти роҳбарии сармураббии он Ҳаким Фузайлов дар 9 бозӣ ба шумор меравад.
Бозии аввалини расмии интихобии гурӯҳи «F»-и Ҷоми Осиё-2019-ро бо ширкати дастаҳои мунтахаби Яман ва Тоҷикистон, ки 28 март дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамад гузаронида мешавад, доварон аз кишвари Малайзия ҳакамӣ мекунанд.