Рақиби “Истиқлол” дар Ҷоми AFC маълум гардид
Опубликовано чт, 10/08/2017 - 14:49 пользователем tvt
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) бо «Серес»-и Филиппин рақобат мекунад. Рақиби “Истиқлол” баъди пирӯзии «Серес» дар финали мусобиқа аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бар «Хоум Юнайтед»-и Сингапур (2:0 ва 1:2) рӯзи 9-уми август маълум шуд.


Федератсияи футболи Тоҷикистон /ФФТ/ ва ширкати маъруфи ҷаҳонии «Coca-Cola» ба муҳлати се сол созишномаи сарпарастӣ ба имзо расониданд. Маросими ба имзорасонии созишнома рӯзи 7 апрел дар толори конфронсии ФФТ баргузор гардид. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Чемпиони Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври дуюми бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D»-и минтақаи марказӣ, дар меҳмонӣ бо дастаи «Алтин Асир»-и Ашқобод қувва озмуда, бо ҳисоби 1:1 бозиашро мусовӣ анҷом дод ва ин ду даста бо 4 имтиёзӣ ҳамоно дар зинаҳои аввали ҷадвали ин гурӯҳ қарор доранд.