Шикасти Регар-ТадАЗ аз Истиқлол дар даври 16-уми чемпионати футболи мамлакат
Опубликовано вт, 15/08/2017 - 11:22 пользователем tvt
Бошгоҳи футболи “Истиқлол”- шаҳри Душанбе дар доираи бозиҳои даври 16-уми чемпионати мамлакат бо тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат намуд.


Мунтахаби ҷавонони 19-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ҷиҳати омодаги ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2018 дар кишвари Туркия машғули машқу тамринанд. Дуюмин дидори дӯстонаи санҷишии мунтахаби ҷавонони мо бо тими “Анталяспор” баргузор шуд. Дар сабқати санҷишӣ ҷавонони футболбози мо бо ҳисоби 3:1 дастболо гардиданд.
Федератсияи умумиҷаҳонии футболи ҷаҳонӣ (FIFA) имрӯз 10-уми август раддабандии нави мунтахабҳоро нашр кард. Дастаи миллии Тоҷикистон дар ин феҳрист ду зина поён шуда, бо касби 180 имтиёз дар зинаи 151-ум мавқеъ пайдо кардааст. Дар раддабандии нав ҳамчунин мавқеъи дастаи пешсаф низ дигар шудааст.