Табибон аз Санкт-Петербург бо ҳамкасбони душанбегиашон мубодилаи афкор менамоянд

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 25 то 27 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоту суҳбатҳои ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург таҳти раёсати ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо роҳбарияти пойтахт ва намояндагони дигар сохторҳои марбутаи кишвар баргузор мегардад. Дар доираи ин сафар баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва суҳбатҳои барои ҳарду ҷониб судманд пешбинӣ шудааст.
Тавре сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода хабар дод, панҷ нафар табибони соҳаҳои гуногуни шаҳри Санкт-Петербург — табиби саратоншинос Нуринисо Абдуллоева, анестезиолог-реаниматологҳо Вячеслав Кулаков ва Артём Шетинин, ҷарроҳи кӯдакона Татяна Патрикева, неонатолог Екатерина Харитонова бо ҳамкасбони душанбегии худ дар мавзӯи навтарин дастовардҳои илми тиб, истифодаи онҳо дар таҷриба ва дигар масъалаҳои ба он марбут мубодилаи афкор менамоянд.
«Хайати мазкур тайи се рӯз дар Маҷмааи давлатии «Истиқлол» бо ҳайати профессорону докторони тибби маҷмааи мазкур, табибони беморхона ва марказҳои саломатии шаҳри Душанбе дарсҳои омӯзишӣ баргузор менамояд. Ба ғайр аз ин табибони санкт-петербургӣ дар ин рӯзҳо қисман ба аҳолии пойтахт кумаку машварати ройгони тиббӣ мерасонанд»,- афзуд Х. Шарифзода.

АМИТ "Ховар"