Субҳи имрӯз бар асари садамаи нақлиётӣ сарояндаи тоҷик Баҳром Ғафурӣ аз олам даргузашт

Субҳи имрӯз тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ланд—крузер-200», рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи «Камаз» бархӯрд. Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки худи ронанда Ислом Анварзода   ва мусофири дигари автомашина Баҳодур Зарипов, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи Каряи Боло  бистарӣ гардидаанд

Баъди ташхиси тиббӣ муайян карда шудааст, ки ҳамаи ин се нафар иштирокчиёни садамаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: