Дар Давҳа таъсиси гурӯҳи кории байнисоҳавӣ оид ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ гардид

22 сентябр дар Давҳа вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои татбиқи амалии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар Давҳа ба имзо расидааст,  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин замина ҷонибҳо атрофи таъсиси гурӯҳи кории байнисоҳавӣ оид ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар, имконияти танзими давраҳои омӯзиши муҳоҷирони меҳнатӣ ва ихтисосҳои мавриди ниёзи бозори меҳнати Қатар табодули назар карданд.

АКС: ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»

Tags: