Ҷавонон муаррифи фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ мебошанд

Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ» ҳамоиш  доир гардид. Дар ин бора  аз шуъбаи иттилоотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  хабар доданд.

Ҳамоиши мазкур ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, он бо ташаббуси Маҳфили стипендиантҳои ҷавони кумита роҳандозӣ гардид. Муовини  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода иброз дошт, ки   «Тоҷикистон як гӯшаи биҳиштосои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки имрӯз тамоми сайёҳону меҳмонони олам мафтуну шефтаи он гаштаанд. Маҳз тавассути сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз ҷумҳурии мо ободу зебо гардида, таваҷҷуҳи сайёҳон ба минтақаҳои зебои он меафзояд. Талошҳои пайвастаи Сарвари давлат барои муаррифии забон, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ равона шудаанд».

Ҳамзамон дар ҳамоиш гирандагони стипендияи Президентӣ ва донишҷӯёни фаъол оид ба рушд додани ин соҳа дар ҷумҳуриамон пешниҳодҳои муфид карданд.

АМИТ "Ховар"