Сироҷиддин Муҳриддин Директори минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ барои Осиё ва Уқёнуси Оромро ба ҳузур пазируфт

ТВТ. 23.08.2022. 22 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Директори минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) Ҷон Айлиевро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва WFP, аз ҷумла раванди татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, таъмини амнияти озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани сатҳи хавфи офатҳои табииро баррасӣ намуданд.

Манбаъ: mfa.tj

Tags: