Шукурҷон Зуҳуров бо пайравони мактаби эҷодии «Бухорои шариф» мулоқот намуд

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз шаффофияти фаъолияти воситаҳои ахбори омма /ВАО/ истиқбол менамояд ва сухани созандаву пешниҳодҳои судманди расонаҳоро, сарфи назар аз шакли  моликияташон, ҷонибдорӣ мекунад. Ин нуктаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз зимни мулоқот бо намояндагони ВАО-и Тоҷикистон баён кард. Шукурҷон Зуҳуров  рӯзноманигорони ҷумҳуриро  бо Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил мегардад, табрик намуда, иброз дошт, ки  11 март барои аҳли қалам, рӯзноманигорону кормандони ВАО -и мамлакати  мо санаи муҳими таърихӣ маҳсуб мешавад. Зеро 106 сол муқаддам, маҳз дар ҳамин рӯз нахустрӯзномаи тоҷикии Осиёи Миёна – «Бухорои шариф» нашр гардида, ба мактаби рӯзноманигории тоҷик заминаҳои устувори маънавию эҷодиро фароҳам овард.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин таъкид намуд, ки рӯзномаи «Бухорои шариф» дар як марҳилаи ҳассоси таърихӣ рӯи нашр омада, барои миллати тоҷик чун рисолаи бонги бедории мардум хизмат намудааст. Муаллифони он дар баробари монеаҳои шадиди низоми давр тавонистанд сухан аз мактабу маориф, иқтисоду тиҷорат, сиёсату фарҳанг, ободию озодӣ, пешрафт ва иттиҳоди миллию манофеи мардуми тоҷик   бигӯянд. Дар он даврон афкоре ташаккул дода шуд, ки асолати миллӣ, фарҳангу тамаддун, таъриху адабиёт ва ҳатто хусусияту вижагиҳои миллии моро сарфи назар мекард. Вале ин раванд равшанфикрони моро хомӯш будан нагузошт ва онҳо барои таъсиси рӯзномаи «Бухорои шариф», ки минбари андешаву афкори миллат бошад, иқдоми оҷилу сареъ намуда, дар нахустшумораи худ чунин нигошта буданд: «Ҷаридаи ҳар миллат забони гӯёи ҳамон миллат аст ва миллате, ки ҷарида надорад, гӯё забон надорад».

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки сарфи назар аз давру замон, касби рӯзноманигорӣ яке аз ихтисосҳои серташвишу заҳматталаб буда, масъулияти баланд, шефтагӣ, худфидоӣ ва садоқати волои касбиро аз шахс тақозо менамояд. Дар ягон вақту ҳолат кори рӯзнома ё худ нигориши афкори умум амали саҳлу сода набуд. Рӯзноманигорон низ шахсиятҳои шинохтаи даврони худ ва афроди аз лиҳози фикрию зеҳнӣ пешрафта мебошанд. Ш. Зуҳуров афзуд, ки ВАО, бахусус рӯзноманигорони парлумонӣ, дар доираи принсипҳои воқеънигорӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон, таъмини озодии афкору андеша ва таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки рукнҳои асосии давлати демократиянд, фаъолият намуда, ба халқу Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки вазъи ҳассоси ҷаҳон, бархӯрди манфиатҳо ва чолишҳои геополитикии минтақа тақозо мекунанд, ки ВАО ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, манфиатҳои миллиро дифоъ кунанд, якпорчагӣ ва сулҳу суботи кишварро мароми асосии фаъолияти хеш қарор бидиҳанд.

Зикр шуд, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии баён ва фаъолияти касбии расонаҳои иттилоотиро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар  бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмин ва танзим мекунанд. Ин имконият боис гардидааст, ки фаъолияти рӯзномаву маҷалла ва расонаҳои электронӣ дар мамлакат вусъат ёбад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ шумораи расонаҳои иттилоотӣ ба 446 номгӯ расидааст, ки 270 номгӯи онро нашрияҳои ҷамъиятию хусусӣ ташкил медиҳанд. Инчунин аз 44 шабакаи амалкунандаи телерадиоӣ 28 шабакаи он моликияти хусусист. Ҳар яке аз ин расонаҳо фазои иттилоотии мамлакатро пур намуда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа саҳми босазо мегузоранд, зеро рушди давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба фаъолияти озоди ВАО пайванд дорад. Вале имрӯзҳо эҳсос мешавад, ки баъзе созмонҳо дар пасманзари озодии баён мехоҳанд афкору андеша ва фарҳангеро болои мардуми мо таҳмил кунанд, ки хоси тамаддун ва фарҳангу ахлоқи миллати тоҷик нест.  Ко рмандони ВАО-и муосир, чун асосгузорони матбуоти тоҷик, ҷамъияти ҳаштмиллионнафараи моро ба ҷодаи худшиносию таҳаммулгароию қонунмеҳварӣ, сулҳпарварию инсонсолорӣ раҳнамун кунанд ва арзишҳои истиқлолияту ваҳдати миллиро дар тинати мардум ҷой созанд,- таъкид кард Ш. Зуҳуров.

Зикр шуд, ки дар ҳама гуна кишвар матбуот бояд ҷузъи хеле  муҳими ҷомеа бошад ва рӯзноманигорон дар фаъолияти худ бояд инро собит намоянд, зеро онҳо ворисони аслии нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» буда, дар густариши фарҳангу тамаддуни миллати хеш саҳми пурарзиш мегузоранд.

Дар анҷоми мулоқот раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ба Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ва мудири шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик»-ро тақдим намуд.

АМИТ "Ховар"