Роҳи мошингард байни Хоруғ ва ноҳияҳои Ишкошим, Рӯшон ва Шуғнон бар асари тармафароӣ мувақатан баста шуд

Бар асари боришоти пай дар пай субҳи 15 феврал роҳҳои мошингард аз шаҳри Хоруғ ба самти ноҳияҳои Ишкошим- Рӯшон- Шуғнон баста шуданд. Навбатдори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мансур Додихудоев гуфт, ки «ҳоло роҳи мошингарди маркази вилоят  танҳо ба самти ноҳияи Роштқалъа боз аст. Шаби гузашта дар ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим, деҳоти Шипаду Деҳи ноҳияи Рӯшон ва мавзеи Бидурди ноҳияи Шуғнон тармаҳои калонҳаҷм фаромада, ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққатан  қатъ гардид. Ба иллати идомаи боришот ва эҳтимоли тармафуроӣ  поксозии роҳ мушкил гардидааст. Аммо сарфи назар аз ин, роҳсозони Муассисаи давлатии  «Бадахшонроҳсоз» бо риояи бехатарии техникӣ кӯшиш мекунанд, ки  ҳарчӣ зудтар роҳро аз тарма тоза кунанд».

Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят  аз ҳамаи ронандагони мошинҳои мусофирбару боркаш даъват намуд, ки то қатъи боришот муваққатан аз сафар ба шаҳри  Душанбе ва ноҳияҳои вилоят  худдорӣ намоянд.

АМИТ "Ховар"