Сармои шадид дар ҷумҳурӣ то охири ҳафта боқӣ мемонад

Хунукии шадид ва ҳарорати пасти ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон то охири ҳафта боқӣ хоҳад монд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, аз 24 то 26 ноябр эҳтимоли боридани барф идома ёфта, ҳарорати ҳаво рӯзона 4-8 дараҷа ва шабона 7-11 дараҷа хунук мешавад. 27 ноябр ҳаво мӯътадил гашта, сардии ҳарорати ҳаво паст хоҳад шуд.
Бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон, имрӯз, 24 ноябр ҳарорати ҳаво дар Суғд то -1-6 дараҷа, Хатлон -2 -7 дараҷа, навоҳии тобеи марказ -1- 6 дараҷа хунук ва дар ғарби ВМКБ то 4 дараҷа хунук шуда, 1 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: