«Тоҷик Эйр» ба шаҳри бостонии Самарқанд парвозҳоро ба роҳ мемонад

Дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози нахустинро дар самти Душанбе – Самарқанд – Душанбе оғоз менамояд.

Назар ба иттилои котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии  «Тоҷик Эйр»  Азиз Хайруллоев,  парвози нахустин 28 июл бо ҳавопаймои Boeing 737–300 соати 09:00 аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат мегирад. Давомнокии парвоз дар масири Душанбе –Самарқанд 45 дақиқа ва нархи чипта барои як самти парвоз 684 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои  сарчашма, парвози минбаъда рӯзи 4 август сурат мегирад.

АМИТ «Ховар»