Дар Тоҷикистон зиёда аз 3,6 миллион тонна семент истеҳсол шудааст

Корхонаҳои сементбарории  Тоҷикистон истеҳсоли ин маҳсулоти сохтмониро зиёд намуданд. Тибқи маълумоти бахши саноат, аз аввали соли равон дар мамлакат беш аз 3,6 миллион тонна семент истеҳсол шудааст. Ин нишондиҳанда 2,4% ё худ нисбат ба нишондиҳандаҳои моҳҳои январ-октябри соли 2019 87,1 ҳазор тонна зиёдтар аст, хабар медиҳад “Авесто”.

Тибқи иттилои манбаи агентии “Авесто”, дар айни ҳол 13 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд ва иқтидори солонаи онҳо 4,7 миллион тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.

Истеҳсол ва содироти семент ҳар сол афзоиш меёбад. Аз ҷумла,  соли 2018 корхонаҳои саноатии Тоҷикистон беш аз 3 миллиону 844,2 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2017 23,3% зиёдтар аст.

Соли 2019 ин нишондиҳанда 4,2 миллион тонна сементро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 тақрибан 400 ҳазор тонна зиёдтар аст. Соли гузашта Тоҷикистон 1,5 миллион тонна сементро ба маблағи 68,1 миллион доллар содир кард.

Ин навъи масолеҳи сохтмонӣ асосан ба Ӯзбекистон — 980 ҳазор тонна, Афғонистон — 576 ҳазор тонна ва Қирғизистон — 80,6 ҳазор тонна содир мешавад.

Дар шашмоҳаи аввали соли равон беш аз 660 ҳазор тонна семент содир шудааст: 333,6 ҳазор тонна ба Ӯзбекистон, 294,6 ҳазор тонна ба Афғонистон ва 40 ҳазор тонна ба Қирғизистон.

Маблағи умумии даромад аз фурӯши ин навъи масолеҳи сохтмонӣ 27,3 миллион долларро ташкил додааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: