Дар Донишгоҳи давлатии Данғара Фестивали бозиҳои варзишӣ доир гардид

Ҳафтаи гузашта   дар ноҳияи Данғара байни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии ҳудуди вилояти Хатлон Фестивали бозиҳои варзишӣ   баргузор гардид. Аз рӯи холҳои бадастоварда ҳайати варзишгарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мақоми аввал, ҳайати варзишгарони Донишгоҳи давлатии Данғара мақоми дуюм ва ҳайати варзишгарони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав мақоми сеюмро касб намуданд.      

Тавре  ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар фестивали мазкур варзишгарони Донишгоҳи давлатии Данғара маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, соҳиби 15 медал, аз ҷумла 2 медали тилло, 11 нуқра ва 2 биринҷӣ гардиданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бозиҳои варзишӣ, фестивали мазкур аз рӯи намудҳои волейбол, гӯштини миллӣ, варзиши сабук, шоҳмот, шашка ва футбол баргузор карда шуд. Дар толори варзишии донишгоҳи мазкур  аз рӯи намуди волейбол, дар Маҷмааи варзишии ноҳия аз рӯи намуди гӯштини миллӣ, шоҳмот ва шашка, дар варзишгоҳи марказии ноҳия аз рӯи намуди варзиши сабук ва футбол  байни муассисаҳои олӣ қувваозмоӣ сурат гирифт.

Мақсад аз баргузории фестивал- ин, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани донишҷӯён ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди соҳаи варзиш миёни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар мебошад.  Баҳри баланд бардоштани маҳорати варзишии донишҷӯён ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби вилояти Хатлон оид ба гӯштини миллӣ, варзиши сабук, волейбол, шашка, шоҳмот ва футболи хурд дар байни донишҷӯёни вилоят бо қарори раиси вилояти Хатлон Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 қабул гардидааст.

Бо мақсади татбиқи Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   ҷалби донишҷӯён ба ҳаёти солим раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара тадбирҳо андешида, донишҷӯёни донишгоҳро мунтазам ба  мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ҷалб мекунад, ки пайваста дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ ғолиб мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: