Нашри китоби нав ба ифтихори 100-солагии нобиғаи санъати тоҷик Туҳфа Фозилова

Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардумони Ховар «Борбад» ба ифтихори 100-солагии Артисткаи халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Туҳфа Фозилова (1917-1984) таҳти унвони «Анъана ва меросбарӣ дар фарҳанги театрию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» маҷмӯаи наверо аз чоп баровард. Донишмандони шинохтаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабов ва Муҳаммадраҳим Каримзода мураттибони ин асар мебошанд. Китоб бо забонҳои тоҷикию русӣ ва хулосаҳои англисӣ мунташир гардидааст.
Бори нахуст аст, ки чунин асари ҷомеъ, ки дар он масоили ташаккулу рушди санъати театри драмавӣ, театри мусиқии касбии навини тоҷик, арзишҳои бадеии он дар таърихи тамаддуни тоҷикон, мардумони Осиёи Марказӣ, саҳми ин чеҳраи тобнок ва мондагори ҳунар дар шакли наву диди боҳунарона қаламдод шудааст, ба нашр мерасад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳунари нотакрори Туҳфа Фозилова дар фарҳанги садаи XX халқи тоҷик падидаи нодир аст. Дар ин росто дар маҷмӯа муҳимияти симо ва ва санъати нотакрори ин нобиғаи ҳунар дар пояи тозатарин аснод дар муқоиса бо навиштаҳои то имрӯз рӯи коромада ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст.
Дар маҷмӯъ дар ин асари илмӣ паҳлӯҳои хоси мероси устоди театр, кино ва мусиқӣ Туҳфа Фозилова аз дидгоҳи нави пажӯҳишӣ қаламдод шудаанд. Дар китоб мақолаҳои донишмандону фарҳангиёни шинохтаи тоҷику рус роҷеъ ба ҳаёту фаъолият ва саҳми беназири ситораи санъати тоҷик Туҳфа Фозилова дар рушду такомули фарҳанги миллати тоҷик бо забонҳои русию тоҷикӣ гирд оварда шудаанд.

АМИТ "Ховар"