С. Аслов бо сафирони Озарбойҷон ва Қазоқистон мулоқот анҷом дод

mid.jpgВазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 22 феврал Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Абосалӣ Гасановро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масоили муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин 22 феврали соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Сейтимовро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Қазоқистон мубодилаи афкор намуданд.