Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе

16 апрели соли равон дар ҳошияи Ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла, ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, таъмини амният ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

АМИТ "Ховар"