Дар Фахробод низомиёни Тоҷикистону Қазоқистон машқҳои муштарак доир намуданд

Тоҷикистону ҚазоқистонАз 13 то 18 майи соли равон дар машқгоҳи Фахрободи гарнизони Хатлон машқҳои муштараки зиддитеррористӣ  миёни ҷузъу томҳои Қуввваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, нахуст меҳмонон аз шароити хизмативу маишии машқгоҳи Фахробод, ки  ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузори намудани тамринҳои муштарак миёни ҷузъу томҳои Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон омода ва муносиб гардонида шуда буд, дидан намуданд.

Сипас, мувофиқи унсурҳои нави ба матлаби тамринҳо равонагардида,  гӯё яке аз биноҳои таълимии машқгоҳи мазкурро душманони шартӣ ба гарав гирифта, низомиёни Артиши миллии Тоҷикистон тариқи иҳотаи ҳудуди бино вориди он гардиданд.  Ин унсури машқҳоро низомиёни Артиши миллии Ҷумҳурии Қазоқистон низ доир намудаанд.

Ҳамзамон низомиёни ҳарду давлат  дар ҳамоҳангӣ баҳри несту нобуд кардани душманони шартӣ ба амалиёт шурӯъ намуданд.

Бояд гуфт, ки табодули  таҷриба  ва ба ин васила  истодагарӣ намудан бар зидди ҳама зуҳуроти аср, аз қабили терориризму ифродагароӣ вазифаи ҳама шаҳрвандони ҷомеи муосир маҳсуб мешавад.

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Тоҷикистону Қазоқистон баҳри таъмини амнияти минтақа ва  пойдории сулҳу субот ҳамеша ба муқобили  ҳама гуна зуҳуроти ҷаҳони муосир бо ташкили машқҳои муштараки байнидавлатӣ омодагии ҳамаҷониба мегиранд.

Унсури наве, ки зимни баргузории машқҳои муштарак миёни ҚМҶТ ва ҚМҶҚ дар соли равон ворид карда шуд, ин вобаста ба мавқеи ҷуғрофию ҳудудии ҳарду давлат, ки манотиқи қуҳӣ ва ҳамвориро дарбар мегиранд, дар баландии беш аз 1300 метр аз сатҳи баҳр баргузор намудани тирпаронии ҷангӣ маҳсуб меёфт.

Зимни баргузории машқҳо эҳсос мегардид, ки ҳайати иштирокдорон, бо як рӯҳияи  нав дар партави дӯстиву бародарӣ, якдилӣ, сарфарозӣ аз сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо  бо матонату далерӣ ва ифтихор аз таърихи гузашта дар машқҳо иштирок менамуданд.

Дар марҳилаи ҷамбастӣ ба иштирокчиёни фаъоли  тамринҳои муштараки ҷузъу томҳои махсуси ҚМҶТ ва ҚМҶҚ медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

АМИТ «Ховар»